Суғд: Нобудсозии беш аз 58 ҳазор тонна маҳсулоти ғизоии аз Эрон воридшуда

Бар асоси қарори сохторҳои дахлдори вилояти Суғд 58 ҳазору 554 кило маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили хурмо, биринҷ ва кекс, ки аз Эрон ворид гардида, муҳлати истифодаашон гузаштааст, нобуд карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, ин маҳсулот ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ тариқи роҳи оҳан оварда шудааст. Гуфта мешавад, намояндагони […]

ASIA-Plus



Бар асоси қарори сохторҳои дахлдори вилояти Суғд 58 ҳазору 554 кило маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили хурмо, биринҷ ва кекс, ки аз Эрон ворид гардида, муҳлати истифодаашон гузаштааст, нобуд карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, ин маҳсулот ҳанӯз моҳи июни соли ҷорӣ тариқи роҳи оҳан оварда шудааст.

Гуфта мешавад, намояндагони ҶДММ «Бахтофарид» моли мазкурро дар дохили қатораи роҳи оҳан нигоҳ дошта, бо сабабӣ ба мақомоти гумрук номаълум барои барасмиятдарории гумрукии мол ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод накардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи аз тарафи соҳибмулк дар дохили қатора дар шароити номусоид ва мӯҳлати тӯлонӣ нигоҳ доштани моли мазкур, маводи хӯрока сифати истеъмолии худро гум кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.