Боздошти донишҷӯ аз Хоруғ бо беш аз 10 кило маводи мухаддир

Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе кормандони милиса автомашинаи тамғаи “Тайота-Ланд-Крузер”, таҳти идораи ронанда, марди 37-солаи сокини шаҳри Хоруғро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни  азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили борхалтаи варзишии мусофир, ҷавони 19-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи геологияи шаҳри Хоруғ, 10 килою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт […]



Дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе кормандони милиса автомашинаи тамғаи “Тайота-Ланд-Крузер”, таҳти идораи ронанда, марди 37-солаи сокини шаҳри Хоруғро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни  азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили борхалтаи варзишии мусофир, ҷавони 19-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи геологияи шаҳри Хоруғ, 10 килою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, дар назди маркази савдои “Мардон”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе низ ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсиии тамғаи “Мерседес-Бенс, мутааллиқ ба марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дохили борхалтааш 990 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира гардида, инчунин ҳангоми азназаргузаронии хонаи хоҳараш зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дохили амборхонааш 22 киллою 680 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.