Раиси БМТ: Пешвои миллат будан рисолати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст

Раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бар ин назар аст, ки қабули қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона ва таҳкими сохтори конститутсионӣ мусоидат мекунад. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки тамоми воҳидҳои сохторӣ бахшида ба […]



Раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бар ин назар аст, ки қабули қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона ва таҳкими сохтори конститутсионӣ мусоидат мекунад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки тамоми воҳидҳои сохторӣ бахшида ба аз ҷониби парлумон қабул шудани ин қонун, Ҷ.Нурмаҳмадзода бахусус «нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик»-ро таъкид намуд.

Раиси БМТ чунин мешуморад, ки «қабули ин қонун дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ аст». «Пешвои миллат будан нақш ва рисолати таърихии Эмомали Раҳмон мебошад», – гуфт ӯ.

Ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони БМТ пуштибонии амиқи хешро аз қабули қонунн «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» изҳор намуда, нақши таърихии Президенти м амлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷикро боиси ифтихори миллат донистанд.

Ёдрас мекунем, ки қонуни қабулшуда «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ваколати Пешвои миллат, дахолатнопазирии ӯ баъди тарк кардани мансаби президенти Тоҷикистон, таъмини ӯ бо нақлиёт, манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ баъди анҷоми муҳлати президентиро муқаррар мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои ин қонун, пас аз мансаби президентиро тарк гуфтан Пешвои миллат ҳамчунин барои муроҷиат ба мардуми ҷумҳурӣ, иштирок кардан дар кори чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва суханронӣ дар онҳо ҳуқуқ дорад. Ғайр аз ин, дар қонун таъсиси бойгонӣ, китобхона ва осорхонаи Пешвои миллат низ пешбинӣ шудааст.

Барои ҳукми қонунӣ гирифтани қонун, онро бояд палатаи болоии парлумон тасдиқ ва аз ҷониби президент ба имзо расад. Пас аз нашри он дар матбуоти расмӣ қонун мавриди амал қароргирифта шуморида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.