Мақоми сеюми Русия аз нигоҳи интиқоли маблағҳои пулӣ

ASIA-Plus

Аз нигоҳи интиқоли маблағҳои пулӣ ба ватан аз ҷониби муҳоҷирон миёни кишварҳои ҷаҳон Русия мақоми сеюмро ишғол намуд. Бино ба маълумоти гузориши омории Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Муҳоҷират ва интиқоли маблағҳо, соли 2016», давоми соли ҷорӣ муҳоҷирони меҳнати машғули кор дар Русия ба оилаҳои худ 33 млрд. доллари ИМА маблағ фиристодаанд. Гуфта мешавад, зинаи якумро […]



Аз нигоҳи интиқоли маблағҳои пулӣ ба ватан аз ҷониби муҳоҷирон миёни кишварҳои ҷаҳон Русия мақоми сеюмро ишғол намуд.

Бино ба маълумоти гузориши омории Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Муҳоҷират ва интиқоли маблағҳо, соли 2016», давоми соли ҷорӣ муҳоҷирони меҳнати машғули кор дар Русия ба оилаҳои худ 33 млрд. доллари ИМА маблағ фиристодаанд.

Гуфта мешавад, зинаи якумро бо нишондиҳандаи 56 млрд. $ Иёлоти Мутатҳидаи Амрико ва зинаи дуюмро бо нишондиҳандаи 37 млрд. $ Арабистони Саудӣ касб кардаанд. Ба даҳгонаи кишварҳои аз лиҳози муҳоҷират писандида ҳамчунин Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, Фаронса, Канада, Испания ва Австралия низ шомил мебошанд.

Муҳоҷирони корӣ соли 2015 ба наздикони худ дар ватан ҳудуди 601 млрд. $ маблағ интиқол додаанд, аз ҷумла ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 441 млрд. $ фиристода шудааст, ки аз ҳаҷми кумакҳои молии байнулмилалӣ се баробар зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, кишварҳои асосии қабулкунандаи маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар соли равон Ҳиндустон (72 млрд. $) ва Чин (64 млрд. $) дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2015 интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон

ба миқдори 65,1% кам шудааст.

Тӯли 9 моҳи соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 1 млрд. 54 млн. доллари ИМА (9 моҳи соли 2014 – 3 млрд. 16 млн. $) маблағҳо фиристода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев то даргузашти Самад Ғанӣ ва Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.