Конҳои тиллои шимоли Тоҷикистон ба ихтиёри ТАЛКО дода мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) дар мавриди коркарди як гурӯҳи конҳои тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғдро маъқул шуморид. Аз ширкати ТАЛКО ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳанӯз моҳи июни соли гузашта мутахассисони ширкат «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодӣ»-ро таҳия намуда буданд, ки дар он аз ҷумла […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) дар мавриди коркарди як гурӯҳи конҳои тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғдро маъқул шуморид.

Аз ширкати ТАЛКО ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳанӯз моҳи июни соли гузашта мутахассисони ширкат «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодӣ»-ро таҳия намуда буданд, ки дар он аз ҷумла ба ҳукумат пешниҳод мешавад, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» ва «Чӯлбой» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Ба гуфтаи манбаъ, ахири моҳи гузашта ҳукумат қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба сохторҳои дахлдори кишвар дастур дода шудааст, ки ба ТАЛКО барои истифодаи конҳои дархостшуда иҷозатнома дода шавад. Интизорӣ меравад, ки муҳлати истифодаи ин конҳо ба ширкат 25 сол муқаррар шавад.

Бар асоси қарори қабулшуда, ба ТАЛКО дастур дода шудааст, ки дар муддати 2 моҳ ҳуҷҷатҳоро дар ин маврид таҳия ва ба муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин ТАЛКО ба дар ихтиёри худ доштани шаҳракаи геологии Канчоч, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ низ ҳуқуқ пайдо мекунад. «Бо тартиби муқарраршуда дар минтақаҳои Чӯянгарон ва Бахшикунҷи ноҳияи Айнӣ барои сохтмони майдони саноатӣ 10,0 га қитъаи замин ҷудо карда шавад», – омадааст дар қарор.

Қобили зикр аст, ки комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ахири соли гузашта кони мазкурро ба тавозуни давлатии кишвар дохил кард. Захираҳои тилло дар ин конҳо 32 тонна ва нуқра ҳудуди 14 тонна арзёбӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.