Пешниҳоди дастгирии соҳибкорони тоҷик аз ҷониби Фонди исломии хайрияи Кувайт

Дар чаҳорчӯби сафар ба Давлати Кувайт раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо мушовири девони Амири ин кишвар, директори Фонди исломии хайрияи Кувайт Абдулло Ал-Маътуқ дидору гуфтушунид кард. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармояи Кувайт баҳри дастгирии бахши хусусии […]

Аваз Юлдошев



Дар чаҳорчӯби сафар ба Давлати Кувайт раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз бо мушовири девони Амири ин кишвар, директори Фонди исломии хайрияи Кувайт Абдулло Ал-Маътуқ дидору гуфтушунид кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби сармояи Кувайт баҳри дастгирии бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Ш.Зуҳуров изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармоя аз Кувайт барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии соҳибкорони тоҷик тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба онҳо ва ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои ин давлат дар Тоҷикистон манфиатдор аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар навбати худ Абдулло Ал-Маътуқ зикр кардааст, ки Кувайт ба рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо омода буда, вале айни замон ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва бахши сайёҳии Тоҷикистон афзалият медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.