Боздошти як зани гумонбар ба дуздӣ дар мағозаи «Пайкар»

Ба гумони даст доштан дар дуздии маҳслуот дар маркази савдои «Пайкар»-и пойтахт як зани 35-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, нимаи рӯзи 19 декабр шахси номаълум бо тариқи озод ба мағозаи “Пайкар”, ки ба марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо маводи […]

ASIA-Plus



Ба гумони даст доштан дар дуздии маҳслуот дар маркази савдои «Пайкар»-и пойтахт як зани 35-солаи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, нимаи рӯзи 19 декабр шахси номаълум бо тариқи озод ба мағозаи “Пайкар”, ки ба марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо маводи хӯрока ва маводҳои ороишии (парфюмерияи) гуногун, ҷамъ ба маблағи умумии 2 ҳазору 133 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумон дар содир намудани ҷинояти мазкур, зани 35-солаи сокини шаҳри Душанберо дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.