Н.Ёдгорӣ: «Барқи тоҷик» реҷаи интиқоли барқро комилан риоя мекунад

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» реҷаи интиқоли барқи қаблан муқарраршуда барои мавсими тирамоҳу зимистонро комилан риоя мекунад. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, ширкат истеъмолгаронро бо ҳаҷмҳои иловагии барқ низ таъмин менамояд. «Ҳамин тариқ, моҳи ноябр истеъмолгарони ширкат аз ҳаҷми муқарраршуда 11,4 млн. […]

ASIA-Plus



Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» реҷаи интиқоли барқи қаблан муқарраршуда барои мавсими тирамоҳу зимистонро комилан риоя мекунад.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, ширкат истеъмолгаронро бо ҳаҷмҳои иловагии барқ низ таъмин менамояд. «Ҳамин тариқ, моҳи ноябр истеъмолгарони ширкат аз ҳаҷми муқарраршуда 11,4 млн. кВт/соати нерӯи барқи иловагӣ гирифтанд. Дар муқоиса бо моҳи ноябри соли гузашта бошад, ҳаҷми интиқоли барқ дар моҳи гузашта ба миқдори 24,2 млн. кВт/соат афзуд», – иброз дошт сухангӯи ширкат.

Н.Ёдгорӣ қайд кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта интиқоли барқ ба истеъмолгарон дар нимаи аввали моҳи декабри соли равон 337 ҳазор кВт/соат афзудааст.

Ба қавли номбурда, тайи солҳои ахир иқтидорҳои нав (1 ҳазору 40 МВт) дар ҷумҳурӣ ба кор дароварда шуданд, ки ба коҳиши камбуди барқ аз 4 то 2 млрд. кВт/соат ва сабуктар гардонидани реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ мусоидат намуданд.

Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки ҳамасола талабот ба нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ меафзояд. «Шумори аҳолӣ зиёд шуда, оилаҳои нав барпо карда мешаванд ва иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки ҳамааш истеъмолгарони иловагии нерӯи барқ мешаванд», – қайд кард ӯ.

Намояндаи ширкат аз истеъмолгарон даъват кард, ки ба ҳар як киловатт нерӯи барқ эхтиёткорона муносибат кунанд. «Ҳар чӣ қадре ки ба масрафи нерӯи барқ эҳтиёткорона муносибат кунем, ҳамон қадр дар замони сардиҳо бештару тӯлонитар ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо мекунем»,- афзуд Н.Ёдгорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.