Афзоиши шумори соҳибкорони инфиродӣ дар пойтахт

Аваз Юлдошев

Дар иҷлосияи имрӯзаи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилон дар бораи ҷараёни амалисозии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ва иҷрои буҷети пойтахт дар ин давра гузориш дода, ҳамчунин оид ба нақша ва вазифаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе дар соли оянда изҳори назар кард. Зимни суханронӣ раиси […]



Дар иҷлосияи имрӯзаи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вакилон дар бораи ҷараёни амалисозии барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ва иҷрои буҷети пойтахт дар ин давра гузориш дода, ҳамчунин оид ба нақша ва вазифаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе дар соли оянда изҳори назар кард.

Зимни суханронӣ раиси пойтахт таъкид дошт, ки тӯли 11 моҳи соли равон 440 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи умумии 1140,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146,8 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Зикр гардид, ки тайи даҳ моҳи соли равон 36 адад иншооти нави саноатӣ дар пойтахт ба фаъолият шурӯъ намуда, 2 ҳазору 469 сокинони шаҳр бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин шуданд.

Раиси пойтахт ҳамзамон қайд кард, ки ба санаи 1 декабри ҳамин сол 9 ҳазору 337 шахсони ҳуқуқӣ – андозсупорандагон дар шаҳр ба қайд гирифта шудаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 197 адад бештар мебошад.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки имсол дар пойтахт 1 ҳазору 558 нафар соҳибкорони нави хусусӣ ба қайд гирифта шуда, ба санаи 1 декабр шумори умумии онҳо ба 30 ҳазору 53 нафар расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.