Наворгирии филм дар бораи шоираи маъруфи Тоҷикистон

ASIA-Plus

Гурӯҳи эҷодии “Суғд Синамо” дар Хуҷанд дар бораи шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона  филми мустанадеро ба навор гирифтааст, ки феълан дар дасти бандубаст қарор дорад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , “Духтари Сайҳун” филмест роҷеъ ба Фарзона, шоираи маъруф ва аз пуркортарин адибони муқими шаҳри Хуҷанд. Созандагони ин филми мустанади 40-дақиқаӣ бо номи “Духтари Сайҳун” талош […]



Гурӯҳи эҷодии “Суғд Синамо” дар Хуҷанд дар бораи шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона  филми мустанадеро ба навор гирифтааст, ки феълан дар дасти бандубаст қарор дорад.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, “Духтари Сайҳун” филмест роҷеъ ба Фарзона, шоираи маъруф ва аз пуркортарин адибони муқими шаҳри Хуҷанд. Созандагони ин филми мустанади 40-дақиқаӣ бо номи “Духтари Сайҳун” талош кардаанд чеҳраи Фарзонаи шоирро ба дӯстдорони шеъру адаби тоҷик муаррифӣ кунанд.

Далери Имомалӣ, ҳунарвар ва рӯзноманигори тоҷик муаллифи филмнома буда, ӯро дар ин амр Муҳиддини Музаффар, раҳбари студияи “Суғд Синамо” ҳамдастӣ кардааст. Далери Имомалӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба сохтани ин филм бо омодагии тӯлонӣ, баъди ҳудуди 6 моҳи ошноӣ бо шахсият, ашъор ва зиндагии Фарзона даст задаанд.

Фарзона дар филм чанд шеъри худ, аз ҷумла дар бораи рӯди Сайҳун, ки номи қадимии Сир аст, шеъри дӯстдоштаашро, ки дар танҳоӣ барои худ мехонад, қироат мекунад ва ба саволҳое ҳам посух мегӯяд. Масалан, дар бораи он ки дар зиндагӣ кӣ барояш аз ҳама азиз аст ва аз чӣ метарсад.

Дилошӯби Орифпур, продюсери филми “Духтари Сайҳун” изҳор доштааст, ки дар ин филм адибон ва ҳунарварони маъруфи тоҷик, мисли Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва Барзуи Абдураззоқ ва бархе адабиётшиносон ва шарқшиносони хориҷӣ шеър ва чеҳраи ҳунарии Фарзонаро муаррифӣ мекунанд.

Дилошӯби Орифпур зикр кардааст, ки ин нахустин таҷрибаи гурӯҳи эҷодии “Суғд Студия” ба таври дастҷамъона сохтани  филми мустанад дар бораи як чеҳраи адаб ва шеъри тоҷик аст.

Маълумоти муфассал дар бораи ин филмро ҳамчунин аз сомонаҳои хабаргузориҳои

Tojnews

ва

faraj.tj

низ дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ведомости”: соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 950 ҳазор муҳоҷир омаданд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.