Дар пайи халосии хешаш дар Русия як тоҷик худ паси панҷара шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи халоси хешаш дар вилоти Калугаи Русия, худ паси панҷара шудааст. Бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти ФР рӯзи 23 декабри соли равон дар ҷараёни тадбирҳои санҷишӣ дар шаҳри Калуга кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд. «Ба хотири аз ҷазои маъмурӣ халос кардани боздоштшуда, хеши ӯ дар кабинети хизматии корманди пулис ба […]

ASIA-Plus



Як шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи халоси хешаш дар вилоти Калугаи Русия, худ паси панҷара шудааст.

Бино ба иттилои

Кумитаи тафтишоти ФР

рӯзи 23 декабри соли равон дар ҷараёни тадбирҳои санҷишӣ дар шаҳри Калуга кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд.

«Ба хотири аз ҷазои маъмурӣ халос кардани боздоштшуда, хеши ӯ дар кабинети хизматии корманди пулис ба ӯ дар ҳаҷми 1 ҳазор рубл пора медиҳад, аммо корманди пулис дар ин бора ба шуъбаи навбатдорӣ хабар додааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба корманди пулис пора пешниҳод кардааст, боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Худи ҳамон рӯз ба боздоштшуда дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 291, қ.3-и Кодекси ҷиноии Русия (додани пора ба шахси мансабдор барои дидаву дониста содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ) айбнома пешниҳод шудааст.

Дар Кумитаи тафтишоти Русия изҳор кардаанд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони тоҷик хостаанд, ки пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатгузории зарурӣ, аз ҷумла, гузаштан аз...

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Ин вақти муҳоҷиронро сарфа карда, барои будубоши қонунӣ ва бехатари онҳо дар Русия мусоидат мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.