Шеъри журналисти точик бахшида ба намояндаи расмии ВКХ Русия

Хабарнигори яке аз газетаҳои тоҷикистонӣ Шамсиддин Муқим зимни брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Марина Захарова, ки рӯзи 24 декабр ҷашни зодрӯз дошт, ӯро табрик намуда, шеъри худро бахшида ба ӯ қироат намуд. Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, журналисти тоҷик танҳо ба ба табрикоти маъмулӣ маҳдуд нашуда, шеъри худро назди ҳама хондааст. «Шеъри худ […]



Хабарнигори яке аз газетаҳои тоҷикистонӣ Шамсиддин Муқим зимни брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Марина Захарова, ки рӯзи 24 декабр ҷашни зодрӯз дошт, ӯро табрик намуда, шеъри худро бахшида ба ӯ қироат намуд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, журналисти тоҷик танҳо ба ба табрикоти маъмулӣ маҳдуд нашуда, шеъри худро назди ҳама хондааст.

«Шеъри худ бахшида ба зебосанамро қироат мекунам. Ба ин шеър ӯ «Орзу ба дӯст» ном ниҳодааст. Матни он чунин аст:


Друг, удачи тебе хочу пожелать,


Божий лик твой хотел увидать.


Пусть хвала до небес превозносит тебя.


Я желаю тебе долго жить и блистать.


Много бед перетерпел,


Но умел и врага благородством души и умом побеждать.


Ты учился добру, всем в нужде помогал,


И с дороги своей не сошел не на пядь.


Ты упорно, мой друг, веришь в силу добра,


Пустословьем пустым не умеешь плести.


Говорит Шамсиддин, что тебе суждены


Плодотворная жизнь и высокая стать.

 


ЭЙ ДӮСТ

Хоҳамат, эй дӯст, бахти бегазанд,

Дар ту бинам сурати он арҷманд.

Хоҳамат умри дарози ҷовидон,

Эътиборатро зи гардунҳо баланд.

Чанд таъсири рақобат дидаӣ,

Ақлро кори рақибон аст панд,

Аз зиён андӯхтӣ суди гарон,

Дастгири бенавову мустаманд.

Дар сарат дорӣ хаёли ишқи Ҳақ,

Не ҳавои гирудору чуну чанд.

Шамси дин хоҳад туро дар зиндагӣ,

Рӯзгори бобарору дилписанд!

Пас аз қироати шеър рӯзноманигори тоҷик ба Мария Захарова варақа бо ин шеър ва лимонҳои тоҷикӣ тақдим намуд. Лимонҳоро ӯ ваъда дода будааст, ки пештар меорад, то ки бомаззатарин буданашонро собит созад.

Дар ҳамин ҳол, тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Ш.Муқим ба Захарова дар бораи тақдири донишҷӯёни тоҷик, ки аз яке аз мактабҳои олӣ хориҷ шудаанд, савол додааст.


Саволи Муқим:

Санаи 30 октябр шаҳрвандони хориҷӣ аз Донишкадаи фарҳанги Маскав хориҷ карда шуданд. Ин донишҷӯён ба мактаби олӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ қабул шуда, то курси сеюм таҳсил намудаанд. Онҳо ифтихорномаҳои зиёд дошта, шахсони меҳрубонанд ва хуб таҳсил намуда, ягон қарздорие ҳам надоранд. Бо кадом як сабабҳои номаълум, дар сатҳи хуб ташкил нашудани чорабинӣ аз ҷониби донишкада, онҳо тобистон аз таҷрибаи эҷодӣ гузашта натавонистаанд ва барои ин ахири моҳи октябр онҳоро хориҷ кардаанд. Донишҷӯён дар кӯча монданд, ҳозир ман онҳоро ёфта наметавонам. Шумо қарори ин мактаби олиро дуруст мешуморед?


Посухи Захарова:

Гуфта метавонам, ки ба гирифтани ҳамаи маълумот дар ин бора аз шумо омодаам. Яқинан, маълумот дар бораи номи мактабҳои олӣ ва ному насабҳои мушаххасро шумо дар даст доред. Мо дархостҳои дахлдор ирсол намуда, кӯшиш мекунем, ки ба масъала рӯшанӣ андозем. Айни замон ман ба шарҳ додани ин масъала омода нестам, зеро вазъро омӯхтан зарур аст. Бисёр ҳангом хабарнигорони хориҷӣ ба мо дар бораи вазъ бо донишҷӯён саволҳо медиҳанд. Ҳолатҳо гуногунанд, мо онҳоро баррасӣ мекунем. Баъзан сухан дар бораи танҳо таҳсилу давомот мераваду гоҳи дигар дар бораи интизому ҳолатҳои дигар. Агар мушкиле бошад, ки аз таҳсилу давомот ё омилҳои объективӣ вобаста набошаду дар натиҷа онҳо хориҷ шуда бошанд, табиист, ки мо инро баррасӣ ва мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳем. Омодаем, ки маълумотро гирифта бо ҷавоб ба он соли оянда назди шумо баргардем.

https://www.youtube.com/watch?v=TUlN-3RNM_w

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.