Порагирон минбаъд метавонанд бар ивази пардохти ҷарима озод шаванд

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба чанде аз моддаҳои марбут ба порадиҳиву порагирии Кодекси ҷиноиро таҳия ва ба баррасии вакилони парлумон пешниҳод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи ин тағйирот, минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ маҳкум шудаанд, метавонанд ба ивази пардохти ҷаримаи пулӣ озод карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ изҳор дошт, ки ҳаҷми ҷаримаҳои пулиро судҳо муайян карда, ҳамчунин он аз сатҳи вазнинии ҷазо низ вобаста хоҳад буд.

Айни замон мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти марбут ба порагирӣ ба муҳлати аз 5 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 320-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои додани пора ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.