Муфтӣ сабаби дастфишорӣ бо Кабирӣ дар Эронро шарҳ дод

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода чунин мешуморад, ки дар ҳолати аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон тарк накардани конфронси «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон, ки дар он пешвои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, сафири Тоҷикистон дар Эрон гунаҳкор аст. Муфтии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба саволи журанлистон: «Чаро баъди дидани Кабирӣ […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода чунин мешуморад, ки дар ҳолати аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон тарк накардани конфронси «Ваҳдати исломӣ» дар Теҳрон, ки дар он пешвои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ низ ҳузур дошт, сафири Тоҷикистон дар Эрон гунаҳкор аст.

Муфтии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба саволи журанлистон: «Чаро баъди дидани Кабирӣ ӯ толорро тарк накард ва раиси ҲНИТ зимни вохӯрӣ ба ӯ чӣ гуфт?», изҳор дошт, ки сафорати Тоҷикистон пешакӣ ҷониби Эронро огоҳ карда буд, ки аъзои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ ба конфронс даъват нашаванд.

«Мо намедонистем, ки аъзои ҲНИТ дар ин конфронс ҳузур хоҳанд дошт. Аммо вақте мо аллакай нишастем, баъди панҷ дақиқа Кабирӣ ба толор ворид шуд. Дарвоқеъ вақте ӯ ворид шуд, ман толорро тарк карданӣ будам ва ба ҳайати мо ва сафири Тоҷикистон дар Эрон ишора кардам, вале ӯ ҳеҷ посухе надод. Ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштан мо бояд ҳамаи амалҳоямонро бо сафирамон мувофиқа кунем. Аз ин рӯ, ба ман лозим омад, ки дар конфронс монам», – гуфт ӯ.

Дар шарҳи дастфишорӣ бо Кабирӣ Абдулқодирзода чунин гуфт: «Маро лозим омад, ки дасти ӯро фишорам, зеро он ҷо садҳо камераҳо ва гирду атроф намояндагони чандин кишварҳо ҳузур доштанд ва ман маҷбур будам, ки ин корро кунам. Кабирӣ оид ба баъзе масъалаҳо назари интиқодӣ баён дошт, вале ман ба ӯ гуфтам, ки ин ҷо ҷойи баҳс нест».

Раиси Шӯрои уламо ҳамчунин зикр кард, ки Эрон кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон аст ва «минбаъд мо ба рушди муносибатҳо бо ин кишвар манфиатдорем».

«Дар муносибатҳои байнидавлатӣ мо ҳеҷ ихтилофе надоерм. Вале рафтори ахир аз ҷониби Эронро маҳкум кардем. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба онҳо дар ин хусус

 ёддошт

фиристод. Мо ҳеҷ хусумате надорем ва бо Эрон самимона дӯстӣ мекунем», – қайд кард муфтӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.