Гумонбарии устоди варзиш аз Тоҷикистон ба лату кӯби марговар дар Маскав

ASIA-Plus



Мақомоти пулиси шаҳри Маскав гуштигири тарзи юнонию румӣ аз Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҷанҷолу занозанӣ дар минтақаи ҷанбу ғарби пойтахти Русия, ки ба марг оварда расонидааст, ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин бора рӯзи 18 январ хабаргузории


Интерфакс


бо истинод ба як сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иитилоъ медиҳад.

Рӯзи 16 январ дар наздикии қаҳвахонаи кӯчаи Миклухо Маклайи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозанӣ сурат гирифтааст, ки дар ҷараёни он яке аз иштирокчиёни он чандин маротиба дигариро зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Шахсе, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, дар автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидааст.

Кормандони пулис автомашина бо рақамҳои Краснодарро муайян кардаанд, ки гумонбаршуда бо он ҳамроҳи шиносҳояш ба қаҳвахона омадааст. Пас аз ин шахсияти ӯ маълум гаштааст. Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон, дорандаи шаҳодатномаи устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ будааст.

Гумонбаршуда мавриди пайгард эълон шуда, аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 111, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Русия (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марги ҷабрдида боис шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.