Гумонбарии устоди варзиш аз Тоҷикистон ба лату кӯби марговар дар Маскав

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав гуштигири тарзи юнонию румӣ аз Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҷанҷолу занозанӣ дар минтақаи ҷанбу ғарби пойтахти Русия, ки ба марг оварда расонидааст, ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин бора рӯзи 18 январ хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иитилоъ медиҳад. Рӯзи 16 январ дар наздикии қаҳвахонаи […]



Мақомоти пулиси шаҳри Маскав гуштигири тарзи юнонию румӣ аз Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҷанҷолу занозанӣ дар минтақаи ҷанбу ғарби пойтахти Русия, ки ба марг оварда расонидааст, ҷустуҷӯ мекунад. Дар ин бора рӯзи 18 январ хабаргузории


Интерфакс


бо истинод ба як сарчашма аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иитилоъ медиҳад.

Рӯзи 16 январ дар наздикии қаҳвахонаи кӯчаи Миклухо Маклайи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозанӣ сурат гирифтааст, ки дар ҷараёни он яке аз иштирокчиёни он чандин маротиба дигариро зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Шахсе, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтааст, дар автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидааст.

Кормандони пулис автомашина бо рақамҳои Краснодарро муайян кардаанд, ки гумонбаршуда бо он ҳамроҳи шиносҳояш ба қаҳвахона омадааст. Пас аз ин шахсияти ӯ маълум гаштааст. Ӯ шаҳрванди Тоҷикистон, дорандаи шаҳодатномаи устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ будааст.

Гумонбаршуда мавриди пайгард эълон шуда, аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 111, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Русия (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марги ҷабрдида боис шудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.