Раиси Суди олӣ: исёни Ҳоҷӣ Ҳалим тӯли чандин сол омода мешуд

Аваз Юлдошев



Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) тӯли чандин солҳо омода гардида, ба маблағгузории он раҳбарияти Ҳизби ифротгарои фаъолияташ дар кишвар манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

«Мутаассифона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар саривақт натавонистанд суиқасди ошӯбгаронро ошкор созанд, ки дар ин робита нисбат ба чанде аз мансабдорони воломақом хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд», – қайд кард Шоҳиён.

Ӯ зикр кард, ки «ба туфайли мардонагиву қаҳрамонии кормандони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва аҳолии кишвар, нақшаҳои исён барбод дода шуданд».

Ба гуфтаи Шоҳиён, бо қарори Прокуратураи генералии Тоҷикистон, тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати иштирокчиён ва созмондиҳандагони исёни мусаллаҳ бо тартиботи махфӣ гузаронида мешавад. «Чун дар ин парвандаҳо ба масоили амнияти миллӣ дахолат мешавад, онҳо бо тартиботи махфӣ баррасӣ мешаванд», – гуфт ӯ.

Раиси Суди олӣ таъкид дошт, ки дар ин парвандаҳо айбдоршавандагон хеле зиёданд, вале дар ҳамин ҳол, аз ифшои шумори саҳеҳи гумонбаршудагон дар парвандаи ошӯби мусаллаҳоннаи Ҳоҷӣ Ҳалим худдорӣ кард.

«То имрӯз ҳеҷ яке аз парвандаҳои марбут ба исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим барои баррасӣ ба ихтиёри Суди олии Тоҷикистон супурда нашудааст», – афзуд Шоҳиён.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.