Раиси Суди олӣ: исёни Ҳоҷӣ Ҳалим тӯли чандин сол омода мешуд

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) тӯли чандин солҳо омода гардида, ба маблағгузории он раҳбарияти Ҳизби ифротгарои фаъолияташ дар кишвар манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд. «Мутаассифона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар саривақт […]



Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) тӯли чандин солҳо омода гардида, ба маблағгузории он раҳбарияти Ҳизби ифротгарои фаъолияташ дар кишвар манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.

«Мутаассифона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар саривақт натавонистанд суиқасди ошӯбгаронро ошкор созанд, ки дар ин робита нисбат ба чанде аз мансабдорони воломақом хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд», – қайд кард Шоҳиён.

Ӯ зикр кард, ки «ба туфайли мардонагиву қаҳрамонии кормандони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва аҳолии кишвар, нақшаҳои исён барбод дода шуданд».

Ба гуфтаи Шоҳиён, бо қарори Прокуратураи генералии Тоҷикистон, тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати иштирокчиён ва созмондиҳандагони исёни мусаллаҳ бо тартиботи махфӣ гузаронида мешавад. «Чун дар ин парвандаҳо ба масоили амнияти миллӣ дахолат мешавад, онҳо бо тартиботи махфӣ баррасӣ мешаванд», – гуфт ӯ.

Раиси Суди олӣ таъкид дошт, ки дар ин парвандаҳо айбдоршавандагон хеле зиёданд, вале дар ҳамин ҳол, аз ифшои шумори саҳеҳи гумонбаршудагон дар парвандаи ошӯби мусаллаҳоннаи Ҳоҷӣ Ҳалим худдорӣ кард.

«То имрӯз ҳеҷ яке аз парвандаҳои марбут ба исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим барои баррасӣ ба ихтиёри Суди олии Тоҷикистон супурда нашудааст», – афзуд Шоҳиён.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.