Суди олӣ ҳукм нисбати Ёқуб Салимовро тағйир надодааст

Аваз Юлдошев



– Суди олии Тоҷикистон ҳукми худ аз 24 апрели соли 2005 нисбати собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимовро тағйир надодааст, – изҳор дошт имрӯз раиси Суди олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён зимни посух ба саволи журналистон дар бораи кай ба озодӣ баромадани Ёқуб Салимов.

Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён қайд кард, ки муҳлати анҷоми ҷазои Ёқуб Салимовро, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, саҳеҳ намедонад. «Аз Вазорати адлия пурсед», – маслиҳат дод ӯ ба журналистон.

Шоҳиён бори дигар таъкид дошт, ки муҳлати ҳабси Ёқуб Салимов тағйир дода нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки 30 январи соли гузашта зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ зикр гардида буд, ки аз муҳлати ҳабси собиқи вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов, ки бо қарори Суди олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд, бо назардошти татбиқи афв нисбати ӯ қариб як сол боқӣ мондааст. Он замон дар Прокуратураи генералӣ эҳтимол дошта буданд, ки Ёқуб Салимов нимаи моҳи декабри соли 2015 ба озодӣ мебарояд.

Соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши анҷом додани табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ айбдор шуда, кишварро тарк кард, аммо соли 2003 дар Русия боздошт ва баъди чанде ба Душанбе истирдод карда шуд.

Мурофиаи судии пӯшида нисбати Ёқуб Салимов 5 моҳ идома ёфта, 24 апрели соли 2005 Суди олӣ ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ ба хиёнат ба ватан дар шакли суиқасд бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста шуда, бо қарори суд аз ҳамаи рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-199) Ёқуб Салимов фармондеҳи яке аз отрядҳои Фронти халқӣ буд. Пас аз оштишавӣ моҳи декабри соли 1993 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкин шуд. Соли 1995 аз ин мансаб барканор шуда, ба ҳайси сафир ба Туркия фиристода шуд, ки дар он ҷо беш аз як сол фаъолият дошт. Пас аз бозгашт ба Душанбе то соли 1997 ӯ ба Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.