Кумаки «Международное добрососедство» ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ

Аз 12 то 16 январи соли равон аз ҷониби кормандони “Международное Добрососедство” дар Тоҷикистон барои зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки башардӯстона расонида шуд. Ин дафъа кӯмаки башардӯстона бо кӯмаки молиявии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 60 000$ (шаст ҳазор доллар) ва 45 338$ (чилу панҷ ҳазору сесаду […]



Аз 12 то 16 январи соли равон аз ҷониби кормандони “Международное Добрососедство” дар Тоҷикистон барои зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки башардӯстона расонида шуд.

Ин дафъа кӯмаки башардӯстона бо кӯмаки молиявии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 60 000$ (шаст ҳазор доллар) ва 45 338$ (чилу панҷ ҳазору сесаду сиву ҳашт доллар) маблағҳои ташкилоти байналмиллалии башардӯстонаи “Международное Добрососедство” омода гардид.

Кӯмаки башардӯстона иборат буд аз: 6 тонна шири хушк, 120 дона гармкунакҳои электрикӣ, термосҳо, чойҷӯшонҳои электрикӣ, дегҳо, ҳамчунин барои якчанд гурӯҳи  одамон дегҳову ҷойҷӯшонҳои калон муҳайё шуданд. Ғайр аз ин барои аҳолии зарардида таҳпӯшҳои гарми зимистона, болопӯшҳову куртаҳои зимистона, либосҳои варзишӣ, кулоҳҳо, пойафзол ва ҷӯробҳо ҳадя шуданд.

Ёдоварӣ кардан ба маврид аст, ки ин маротиба аввал нест, ки Сафорати Корея дар Тоҷикистон дар маъракаи кӯмак ба аҳолии зарардидаи Тоҷикистон иштирок мекунад. Сафорати Корея ҷиҳати ҳамаҷониба таҳким бахшидани муносибатҳои уствувори дӯстона бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

Ташкилоти ғайридавлатии башардӯстонаи “Международное Добрососедство” дар Тоҷикистон зиёда аз даҳ сол аст, ки  ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон кӯмаки хайрхоҳона мекунад. Ин кӯмакҳо мақсаднок (аз даст ба даст) барои аҳолӣ равона шуда, ҳамзамон барои бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ки хисоротҳои гаронро барои иқтисодиёти Тоҷикистон ба бор меоранд, нигаронида шудаанд.

Бинобар иттилои кормандони  GNIT (Good Neighbors International in Tajikistan) кӯмак барои ҳар як оилаи зарардидаи Бартанги ВМКБ, ки муваққатан дар ноҳияи Рӯшон дар хонаҳои хусусӣ, мактабҳову боғчаҳо ва дигар марказҳои иҷтимоӣ зиндагонӣ мекунанд, расонида шудааст.

Бинобар сабаби душворгузар будани роҳҳо ва сангфароӣ, қисме аз кӯмаки башардӯстона, ба маркази ноҳияи зарардида, ки то ҳол онҷо одамони хонаҳои худро таркгакарда зиндагӣ мекунанд, равона шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи заминларза дар ВМКБ 500 хонаҳои истиқоматӣ ва дигар нуқтаҳои хоҷагидорӣ зарар дидаанд. Ин заминларза 7 декабри соли 2015 соати 12:50 ба вуқӯъ пайваст. Маркази заминларза ноҳияи Мурғоби ВМКБ буда, шиддати заминларза дар марказ 7,2 баллро ташкил дод. Ноҳияи Мурғоб дар масофаи 357-уми ҷанубу шарқии Душанбе ва дар масофаи 22 км аз кӯли Сарез ҷойгир шудааст.

Ба иттилои зилзилашиносони тоҷик, шиддати заминларза 7-8 баллро аз рӯйи ҷадвали 12 баллаи Рихтер ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.