The Economist: Баъзе кишварҳо нафту газ, дигар кишварҳо чун Тоҷикистон одам содирот мекунанд

ASIA-Plus



– Чаҳор нафар аз 10 шаҳрванди синнусоли коршоями Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ кор дарёфт намоянд, – менависад маҷаллаи


The Economist


.

Дар маводи рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта чопшудаи нашрия қайд мешавад, ки агар баъзе кишварҳо нафту газ содирот кунанд, дигар кишварҳо одамонро содирот мекунанд.

Гуфта мешавад, соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан ба 42%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар шудааст, ки нишондиҳандаи баландтарин дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Муаллифи мавод таъкид месозад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар сохтмон ё ҷойи дигар бо сатҳи пасти даромад дар қаламрави Русия кор пайдо мекунанд. Аммо дар робита ба поинравии рушди иқтисоди Русия, соли гузашта ҳамчунин ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон низ кам шуд.

«Тӯли 6 моҳи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз Русия бо доллари ИМА 44% нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 коҳиш ёфт», – қайд мешавад дар маводи нашрия.

Бо зикри афзалияти интиқоли маблағҳои пулӣ нисбат ба кумакҳои гуногуни дигар, муаллифи мавод зикр мекунад, ки «дар муқоиса бо кумак, маблағҳои пулӣ мансабдорони ришваситонро як сӯ гузошта, мустақиман ба дасти афроди эҳтиёҷманд мерасанд».

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, имрӯз қариб ҳар як шаҳрванди ҳаштуми Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор дорад.

Тибқи маълумоти ахири Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.

Соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.