Пирӯзии Фаррух Амонатов дар яке аз мусобиқаҳои Русия

ASIA-Plus



Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи блитс оид ба шоҳмоти Мемориали Владимир Дворкович дар шаҳри Таганроги Русия пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқиа бо иштироки беш аз 50 нафар шоҳмотбозон Фаррух Амонатов аз 11 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол намуд. Сергей Волков (Русия) ва Геннадий Матюшин (Украина) нимхолӣ камтар аз ӯ касб карданд.

Ду рӯз қабл дар мусобиқаи шоҳмоти тезбозикунанда Фаррух Амонатов зинаи дуюмро ишғол кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ин мусобиқа аз нигоҳи ҳайати иштирокчиёнаш хеле пурқувват буда, шоҳмотбоз аз вилояти Красанодари Русия Борис Савченко аз 11 холи имконпазир бо касби 9 хол ғолиб омад.

Рӯзи 18 январ мусобиқа оид ба шоҳмоти классикӣ – марҳилаи ҷоми Русия миёни мардон оғоз гардид, ки дар он 58 шоҳмотбоз иштирок доранд. Даври аввали мусобиқаро Фаррух Амонатов бо пирӯзӣ анҷом пазируфт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу шашуми ин асари...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".