Пирӯзии Фаррух Амонатов дар яке аз мусобиқаҳои Русия

Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи блитс оид ба шоҳмоти Мемориали Владимир Дворкович дар шаҳри Таганроги Русия пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқиа бо иштироки беш аз 50 нафар шоҳмотбозон Фаррух Амонатов аз 11 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол намуд. Сергей Волков (Русия) ва Геннадий Матюшин (Украина) нимхолӣ камтар […]



Шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи блитс оид ба шоҳмоти Мемориали Владимир Дворкович дар шаҳри Таганроги Русия пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқиа бо иштироки беш аз 50 нафар шоҳмотбозон Фаррух Амонатов аз 11 холи имконпазир 9 хол ба даст оварда, зинаи аввалро ишғол намуд. Сергей Волков (Русия) ва Геннадий Матюшин (Украина) нимхолӣ камтар аз ӯ касб карданд.

Ду рӯз қабл дар мусобиқаи шоҳмоти тезбозикунанда Фаррух Амонатов зинаи дуюмро ишғол кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, ин мусобиқа аз нигоҳи ҳайати иштирокчиёнаш хеле пурқувват буда, шоҳмотбоз аз вилояти Красанодари Русия Борис Савченко аз 11 холи имконпазир бо касби 9 хол ғолиб омад.

Рӯзи 18 январ мусобиқа оид ба шоҳмоти классикӣ – марҳилаи ҷоми Русия миёни мардон оғоз гардид, ки дар он 58 шоҳмотбоз иштирок доранд. Даври аввали мусобиқаро Фаррух Амонатов бо пирӯзӣ анҷом пазируфт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.