Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти назорати истифодаи воситаҳои буҷетӣ дастур дод



Зимни ироаи паёми худ ба парлумон имрӯз, 20 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки қисмати даромади буҷети ҷумҳурӣ то ҳол ба омилҳои беруна ва андозҳои бавосита вобастагии зиёд дорад.

Президент таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2016 ба миқдори 18,3 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 3 млрд. сомонӣ ё худ ба андозаи 20% зиёдтар аст.

Сарвари давлат ба раҳбарияти сохторҳои дахлдор муроҷиат намуда, қайд кард, ки барои иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет дар соли равон «баҳонаву сабаб наҷуста, кор кардан лозим аст».

Дар шароити ҳозира, ба андешаи президент, қисмати даромади буҷетро аз ҳисоби тавсеъаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармяоугзорӣ ва ҳамчунин дигар сарчашмаҳо таъмин кардан лозим аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молия дастур дод, ки оид ба истифодаи пурсамари қисмати даромади буҷет тадбирҳои муассир андешида шавад.

Ба Палатаи ҳисоб ва Агентии зиддифасод сарвари давлат дастур дод, ки ҳамроҳ бо Вазорати молия ба корҳои назорат аз болои истифодаи воситаҳои буҷет тақвият бахшанд. Ҳамчунин оид ба пурзӯр кардани назорати фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ки дар онҳо ҳиссаи давлат вуҷуд дорад, низ дастур дода шуд.

spot_imgspot_img

Популярное