Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз обуҳавои нисбатан гарми зимистон имсола дар қаламрави ҷумҳурӣ нигаронӣ дорад.
«Аз зимистони начандон сард натанҳо Вазорат, балки ҳамаи кормандони соҳаи аграрӣ ва деҳқонон дар ташвишанд», – иброз дошт зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ин ташвишро ӯ чунин шарҳ дод, ки намии дар натиҷаи боришоти тирамоҳ ҷамъшуда дар чунин обуҳавои гарм метавонад пурра бухор (буғ) шавад ва «намӣ дар заминҳои лалмӣ киофя нест». «Агар баҳор низ обуҳаво ҳамин хел монад, мо соли равон ҳосили пешбиникардаамонро ба даст оварда наметавонем», – қайд кард Зокирзода.
Аммо вазир изҳори умедворӣ кард, ки «зимистон ҳоло дар пеш аст». «Ҳанӯз моҳи январ аст, шояд обуҳавое ҳукмфармо гардад, ки мо хоҳони онем», – афзуд вазир.
Қобили зикр аст, ки тобистони соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳолии кишварро чандин маротиба аз зимистони сарду тӯлонӣ огоҳ карда, аз онҳо даъват карда буд, ки маҳсулотро зухира намоянд.
«Мехоҳам ба мардуми шарифи Тоҷикистон махсус таъкид намоям, ки имсол эҳтимоли бисёр сард омадани тирамоҳу зимистон мавҷуд аст, зеро тибқи мушоҳидаҳо ва таҷрибаи мардуми калонсоли мо соле, ки тобистонаш бисёр гарм омад, зимистонаш сарду тӯлонӣ мешавад», –
зикр карда буд президент
ахири моҳи августи соли гузашта зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯаббдуллоҳи Рӯдакӣ.
Он замон Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолии мамлакат даъват кард, ки баҳри захираи маҳсулоти ғизойӣ барои ду сол кӯшиш ба харҷ диҳанд.



