Анқара тоҷики ҷанганда дар сафҳои ДИ-ро ба Тоҷикистон дод



Хадамоти махсуси Туркия тоҷикистонии навбатӣ, ки дар сафҳои ҷангиёни созмони террористии Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқ меҷангид, ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Рамазон Бозоровро хадамоти махсуси Туркия моҳи декабри соли гузашта зимни бозгашт аз Ироқ ба Туркия боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, Рамазон Бозоров то моҳи майи соли гузашта ҳамчун муҳоҷир дар Русия кор мекард ва сипас аз он ҷо ба Ироқ рафта, ба сафи ҷангиёни ДИ пайвастааст. Ахири соли гузашта Р.Бозоров аз Туркия ба Душанбе оварда шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрии рӯзи 25 январ бо рӯзноманигорон ба сатҳи ҳамкории Туркия ва Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм баҳои баланд дод.

Ба гуфтаи вазир, танҳо давоми соли 2015 Туркия ҳудуди 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҷиҳати пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ тариқи қаламрави Туркия ба Ироқ ё Сурия рафтанӣ буданд, ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдааст.

Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки тибқи маълумоти ахир, имрӯз 992 нафар тоҷикистониён дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур дошта, аз шумори ҷангандагон дар сафҳои Давлати исломӣ 156 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт, 61 нафар ихтиёрӣ аз Ироқ ва Сурия баргаштанд ва 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои Давлати исломӣ дар ғарибӣ ҳалок шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное