Холиқов Рустам аз мансаби директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» барканор гардид.
Бо қарорҳои ҳукумат Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори нави генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин шуданд.
Вализода Рустам Файз муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуд.
Қаблан
иттилоъ дода будем
, ки санаи 26 январ ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»-ро, ки «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, боз ҷудо карда, онҳоро алоҳида ба номгӯи корхонаҳои Вазорати нақлиёт дохил кард. ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» ҳамагӣ каме бештар аз ним сол арзи ҳастӣ кард.





