Хуҷанд: Боздошти фурӯшандаи 80 ҳазор рубл пулҳои қалбакӣ



Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба гумони даст доштан дар дар тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ рӯзи 3 феврал як сокини 31-солаи ноҳияи Мастчоҳро боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, аз гумонбаршуда ба миқдори 80 ҳазор рубли русии қалбакӣ дарёфт ва мусодира гардидааст, ки онҳоро мехост дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ба муомилот барорад.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 281 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши ҳодиса идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное