Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Палатаи ҳисоби Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 нишасти хабарӣ барпо мекунад. Оғоз соати 10-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8398

сомонӣ;


1

евро –

8.7053

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1025

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1990 —

Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон паҳн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.


2004

– Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.


2008

— Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.


2015

— Кумитаи давлатии амнияти миллӣ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҲНИТ-ро барои ғайриқонунӣ нигаҳдории аслиҳа боздошт кард.


1921

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.


1927

– Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.


1954

– Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.


1959

— Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.


1875

– Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -20-25, рӯзона -5-10.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, охири рӯз борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона +1+3.

spot_imgspot_img

Популярное