Ба Душанбе ба ивази баҳор зимистон омад (АКСҲО)



Баъди моҳи январи нисбатан гарм, ки баъзе навъи гулу гиёҳ ва растаниҳо ба муғчабандӣ шурӯъ намуданду ба назар мерасид, ки имсол баҳор хеле барвақт меояд, дар Душанбе барф борид. Барфрезӣ аз шоми дирӯз идома дорад. Кайҳост, ки пойтахти мо чунин ҷомаи сап-сафед ба бар накарда буд.

Бино ба маълумоти обуҳавошининосон, боридани барф то субҳи рӯзи панҷшанбе идома ёфта, рӯзи ҷумъа дар пойтахт боз обуҳаво ба рӯ ба гармӣ мениҳад ва офтоб партавшонӣ хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, нисбат ба моҳи январ моҳи феврали имсола сардтар хоҳад буд. Ҳафтаи ояндаи боронҳои шадид дар назар буда, охири моҳ боз боридани барф дар назар аст, лекин сардии ниҳоят зиёд пешбинӣ намешавад.

spot_imgspot_img

Популярное