ЕврАзЭС ба кишварҳои аъзо 1 млрд. $ грант тақсим мекунад



Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки ба Фонди авруосиёии субот ва рушд табдили ном кардааст, ба кишварҳои узви Иттиҳод дар ҳаҷми 1 млрд. доллари ИМА грант тақсим мекунад. Барои дастрасӣ ба грант аллакай 4 кишвар дархост кардаанд.

Хабаргузории

Казинформ

дар ин робита менависад, рӯзи 11 феврал Сенати Қазоқистон тағйироти таҳрирӣ ва тобеъӣ (функсионалӣ) дар Шартнома дар бораи таъсиси Фонди зиддибуҳронии ЁврАзЭС аз 9 июни соли 2009 ва Созишнома дар бораи идоракунии воситаҳои Фонди зиддибуҳрониро тасдиқ намуд.

Вазири молияи Қазоқистон бахит Султонов гуфтааст, минбаъд воситаҳои фонд барои пешниҳоди грант ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст равона мегардад.

Бино ба маълумоти Султонов, соли 2009 ҳаҷми фонд 8,5 млрд. долларро ташкил дода, айни замон воситаҳои озоди он ба 1 млрд. доллар баробар аст ва дар Қазоқистон фонд ҳеҷ  як лоиҳаеро маблағгузорӣ намекунад.

«Айни замон Тоҷикистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон барои дастрасӣ ба грант аз ин фонд дархост пешниҳод намуданд», – афзудааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни фонди мазкур 6 давлат мебошанд: Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон.

spot_imgspot_img

Популярное