Ҳалокати духтари 7-солаи тоҷик дар сӯхтори Челябинск



Бар асари сӯхтор дар яке аз манзилҳои хусусии воқеъ дар шаҳраки Розаи шаҳри Коркинои вилояти Челябински Русия духтари 7-солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст

.

Бино ба

маълумоти

Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Челябинск, сӯхтор шоми 14 феврал рух дода, кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода зимни хомӯш кардани сӯхтор ҷасади духтарчаи 7-соларо дарёфтаанд.

Гуфта мешавад, модари духтари фавтида, зани 32-сола ва додари 5-солааш дар бемористон бистарӣ шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор бухории гармидиҳандаи вайроншуда унвон шудааст.

Газетаи маҳаллии

«Горняцкая правда»

дар ин робита навиштааст, падари хонавода, марди 39-сола осеби ҷиддӣ надида, вале бинобар сабаби дар ҳолати вазнини рӯҳӣ қарор доштанаш, равоншиносон ба ӯ кумак кардаанд.

«Муайян карда шудааст, ки зан аз соли 2012 дар Русия иқомат дошта, барои иқомат дар Русия иҷозатнома надоштааст. Марди хонадон барои иқомат дар ин кищвар соҳиби иҷозатнома будааст. Ин оила аз Тоҷикистон омада, дар шаҳраки Роза хонаеро дар иҷора доштаанд. Кӯдакон ба мактабу бемористон намерафтаанд. Айни замон тамоми ҳолатҳои рух додани ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор доранд», – менависад газета.

Бино ба маълумоти Сараёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, субҳгоҳон соати 05-39 дақиқа ба онҳо дар бораи сӯхтор дар кӯчаи Деабристон, 20 маълумот расида, оташ 40 метри мураббаъ, мебел ва амволи дохили хонаро фаро гирифтааст. Аз сӯхтор 40 метри мураббаъи болопӯши хона ва ҳамин андоза деворҳои манзил зарар дидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное