Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Брюссел



Дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел 16 феврали соли 2016 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба аз қабили мавзӯи иқтисодиёт, энергетика ва сарҳадро муҳокима намуда, дар мавзӯи амнияти минтақавӣ, хоссатан оид ба мавзӯи вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное