Мансаби нави Рустами Эмомалӣ дар Шӯрои олимпии Осиё



Писари президенти Тоҷикистон, роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи муносибатҳои байнулмилалии Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ба унвони Кумитаи мазкур аз номи раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал -Фаҳад дар ин хусус нома расидааст.

Ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, дабири кулли КМО Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва динектори КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев низ аъзои Кумитаҳо оид ба молия, варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное