Раҳбарияти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштааст, ки тағйироти пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҷумҳурӣ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба ҷараёни рушди демократия дар ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунанд.
Вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТдар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳайати шахсӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, муовини сардори Хадамот Турсунзода Азим Ҳайдар зикр намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда тақозои замон буда, дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин тарғиби расму оинҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндаи ҷомеа ба шумор мераванд, нақши бориз ва арзанда хоҳанд бозид.
Сардори Раёсати таъмини ҳуқуқ Абдусаломов Рустам дар бораи паҳлӯҳои асосии тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда маълумоти мушаххас доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ин тағйиру иловаҳо барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо нигаронида шудаанд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Зикр гардид, ки бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шуданд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуда, вобаста ба ин мавзуъ ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Ёдрас мекунем, ки
санаи 10 феврал
палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъди дастрас кардани хулосаи Суди конститутсионӣ лоиҳаи тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистонро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод мешавад, тасдиқ намуд. Вакилон ҳамчунин рӯзи 22 майро санаи баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйирот ба Конститутсияи Тоҷикистон таъин карданд.





