Як муноқиша миёни муҳоҷирзанони тоҷик бар асари рашк, ки дар деҳаи Новосаратовски ноҳияи Всеволжски вилояти Ленигради Русия рух дод, ба кордкашӣ миёни онҳо оварда расонида, зани ҳомиладор захм бардоштааст
.
Бино ба
иттилои
сомонаи Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, субҳи рӯзи 21 феврал дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳи ин деҳа зани 27-солаи зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, коргари яке аз корхонаҳои кишоварзӣ ҳангоми муноқиша бар асари рашк ҳамдиёри 27-солаи худ, зани ҳомиладорро бо корд куштанӣ шудааст.
Қайд мешавад, ки зан дар ҷойи ҳодиса боздошт ва зани ҳомиладори захмгирифта дар бемористон бистарист. Шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 91-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Русия дастгир шудааст.
Дар ҳамин ҳол,
АН «Оперативное прикрытие»
дар ин робита менависад, муноқиша бар асари рашк миёни занони 27-солаи шаҳрвандони Тоҷикистон субҳи 21 феврал дар яке аз ҳуҷраҳои хобгоҳ дар кӯчаи Покровскаяи деҳаи Новосаратовка ба вуқӯъ омада, яке аз занон дар ҳуҷраи №11 ва дигарӣ дар ҳуҷраи №7 иқомат доштаанд.
«Қариби соатҳои 10-и субҳ Зулолахон Х. хашмгинона ба ҳуҷраи №7 даромада, ба сокини ин ҳуҷра, ҳамдиёри худ, зани ҳомиладор бо тифли 8-моҳа ҳуҷум кардаву бо корд ба шиками ӯ зарба задааст», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.





