ВКД далели боздошти кормандонаш ба гумони нашъаҷаллобиро рад мекунад



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти имрӯз дар чанде аз ВАО интишоршуда дар бораи боздошти чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро рад мекунад.

Дар маълумоти

сомонаи

расмии Вазорат дар ин робита қайд мешавад, ки «хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё  4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд».

Дар сомона ин изҳорот аз номи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Рустамзода М.К. ба нашр расидааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи ававли имрӯз

иттилоъ дода шуда буд

, ки кормандони КДАМ дар ҳамдастӣ бо марзбонон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зимни интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддири ҳашиш ба Душанбе аз ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро боздошт намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное