Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор

ASIA-Plus



Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор ташриф овард.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳадафи ин сафар идомаи мантиқии татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он ба бунёди садҳо гектар боғи ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Алмосӣ Пешвои ғамхору ояндасоз Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳияи Ҳисор гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ 3000 сокини ноҳия ва дар маҷмуъ барои дидору мулоқот бо Пешвои миллат беш аз 15 ҳазор сокини ноҳия ҷамъ омад.

Дар ҳамин ҷо дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагиҳои ноҳия пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо комёбиҳои меҳнатии сокинони ноҳия аз наздик шинос шуд.

Дар намоишгоҳ асосан меваҳои шаҳдбори ноҳия, аз ҷумла навъҳои гуногуни ангуру себ, ки дар сардхонаҳо тару тоза нигоҳубин карда мешавад, ба маъраз гузошта шуд. Мутахассисон тарзи гуногуни нигоҳубини меваҷотро намоиш доданд. Дар асоси супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор то имрӯз баҳри нигоҳубини меваҷот барои 5000 тонна сардхонаҳо сохта шудааст, ки аз он самаранок истифода мебаранд.

Ноҳияи Ҳисор, ки диёри зархез аст, дар баробари мевагию сабзавот дар ин ҷо зироатҳои гуногуни ғалладонагӣ ба таври васеъ кишт карда мешавад, ки дар намоишгоҳ ҷойи махсусро ишғол мекард. Аслан навъҳои гуногуни тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ пешкаш карда шуд.

 Соҳаи чорводорӣ низ дар ноҳия ба таври матлуб рушд кардааст, ки парвариши гуфсанди зоти ҳисорӣ намунаи беҳтарини он мебошад. Дар 21 хоҷагии чорводории ноҳия гусфанди зоти ҳисорӣ парвариш меёбад. Дар намоишгоҳ намунаи ин зоти гусфандро ба маъраз гузоштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳ ва шиносоӣ бо маҳсули дастранҷи сокинони ноҳия ба натиҷаи фаъолияти онҳо баҳои баланд дода, мардумро ба идомаи фаъолияти бобарору муваффақ барои пешрафти ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.

Баъди тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои ҷамоати деҳоти Алмосӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок карда, якчанд ниҳоли дарахтони гелос, олу ва себ шинонд.

Дар маъракаи ниҳолшинонии имрӯза бо иштироки Сарвари давлат дар майдони 340 гектар, аз ҷумла дар майдони 72 гектар гелос, 67 гектар олу, наздики 13 гектар себ, дар 27 гектар зинабоғу 33 гектар чарогоҳи ҳамин ҷамоат гелос шинонида шуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оянда майдони боғот боз васеъ карда мешавад.

Айни ҳол дар дигар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Хонақоҳи куҳӣ, Навобод ва Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода мешавад.

Дар асоси барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020 дар ноҳияи Ҳисор дар майдони 2966 гектар бояд боғу токзор бунёд карда шавад. Асосан ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи ба содирот нигаронида шуда парвариш гардида, даромад аз фуруши ин гуна меваҷот барои беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум равона мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...