Шоҳрух Саидов муовини сардори РКҶ ВКД таъин шуд

Шоҳрух Саидов, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (РКҶ ВКД ҶТ) таъин шудааст. Ин маълумотро ба «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ карда, изҳор намуданд, ки ӯ ба ин вазифа як ҳафта пеш таъин шудааст. Дар бораи то ба ин мансаб таъин шудан дар мақомоти […]

ASIA-Plus



Шоҳрух Саидов, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (РКҶ ВКД ҶТ) таъин шудааст.

Ин маълумотро ба «Азия-Плюс» дар Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ карда, изҳор намуданд, ки ӯ ба ин вазифа як ҳафта пеш таъин шудааст. Дар бораи то ба ин мансаб таъин шудан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доштани Шоҳрух Саидов маълумот мавҷуд нест.

Шоҳрух Саидов тобистони имсол 30-сола мешавад. Ӯ узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва президенти дастаи футболи «Истиқлол»-и пойтахт аст. Ӯро ҳамчунин яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, роҳбари Агентии зиддифасод ва писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Ҳаёти шахсии Шоҳрух Саидов соли 2014 расонаӣ шуда буд. Он замон дар бораи аз ҳуқуқ ба амвол маҳрум шудани собиқ ҳамсари ӯ Шаҳрзода Абдуллоева бо як кӯдакаш овозае паҳн шуда, зикр гардида буд, ки ӯ дар шароити мушкил зиндагӣ мекунад.

Аммо падараш Абдуфаттоҳ Ғоиб дар яке аз нишастҳои матбуотӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки писараш бо Шаҳрзода ҳеҷ баҳси тақсими амвол надошт ва ҳуқуқҳои ӯву кӯдакаш нақз нашудаанд. «Ин маълумот беасос аст, ман ҳар рӯз собиқ келинам ва набераамро хабар мегирам», – гуфта буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.