Анҷоми сохтмони роҳи оҳани барқии аз Тоҷикистон ҷудои Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон сохтмони роҳи роҳи оҳани пайвасткунандаи қисмати ғарбӣ ба қисмати шарқии кишвар бидуни убури қаламрави Тоҷикистон ба итмом расид. Роҳи оҳани нави барқии «Ангрен-Поп» бо масофаи 123 километр тариқи ағбаи Қамчиқ қад-қади марзи шимолӣ бо Тоҷикистон мегузарад. Бино ба маълумоти ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон «Ӯзбекистон темир йӯллари», дар ин иншооти бузурги сохтмонӣ дар ҳаҷми […]



Дар Ӯзбекистон сохтмони роҳи роҳи оҳани пайвасткунандаи қисмати ғарбӣ ба қисмати шарқии кишвар бидуни убури қаламрави Тоҷикистон ба итмом расид. Роҳи оҳани нави барқии «Ангрен-Поп» бо масофаи 123 километр тариқи ағбаи Қамчиқ қад-қади марзи шимолӣ бо Тоҷикистон мегузарад.

Бино ба

маълумоти

ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон «Ӯзбекистон темир йӯллари», дар ин иншооти бузурги сохтмонӣ дар ҳаҷми 43 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 16,3 млн. метри мукааб – корҳои пармакунӣ ва тарконидан ба иҷро расонида шуда, 285 иншооти интиқоли об (водопоровод) ва зербинои роҳ, 4 истгоҳи роҳи оҳан, 4 гузаргоҳ, ду вокзал, 19,1 километр нақб, пулҳо бо масофаи умумии 2,1 ҳазор метр сохта шудааст.

Қаблан

зикр гардида буд

, ки арзиши сохтмони ин хатти роҳи оҳан, ки водии Фарғона (вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона)-ро бо қисмати боқимондаи Ӯзбекистон пайваст месозад, 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

То ифтитоҳи ин хатти роҳи оҳан Ӯзбекистон муддати беш аз 7 сол боркашонӣ ба водии Фарғонаро ба воситаи нақлиёти автомбилӣ тариқи ағбаи Қамчиқ анҷом медод, ки арзиши аслии маҳсулотро бамаротиб боло мебурд.

Тариқи транзит бо роҳи оҳан тавассути вилояти Суғди Тоҷикистон танҳо маводи сӯзишворӣ кашонида мешавад.

Солҳои пешин қариб ҳамаи боркашониҳо ба вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона бо транзит тавассути қаламрави вилояти Суғд амалӣ мешуд, ки аз ин ҳамасола Ӯзбекистон ба Тоҷикистон то 25 млн. доллари ИМА маблағ пардохт мекард.

Қобили зикр аст, ки қаблан Ӯзбекистон шохаҳои роҳи оҳан низ сохта буд, то тариқи транзит қаламрави Туркманистон ва Қазоқистонро убур накунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.