Мушкилиҳо дар сохтмони роҳи Кӯлоб- Қалъаихумб

ASIA-Plus



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи мушкилиҳои пайдошуда дар сохтмони қитъаи Шӯрообод – Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб хабар медиҳад. Мутахаcсисон муайян кардаанд, ки тайи моҳи ахир дар баъзе қисматҳо аз 2 то 7 см кӯчиш ва таркиш пайдо шудаст.

Бино ба

маълумоти

хадамоти матбуоти вазорат, дар маҷлисгоҳи Вазорат Шӯрои илмӣ – техникӣ оид ба баррасии тадқиқоти омӯзиши корҳои геодезӣ ва геологии қитъаҳои зери лағжиш қарордоштаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб -Хоруғ -Мурғоб ағбаи Қулма, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон баргузор гардид.

Муовини якуми вазир Суҳроб Мирзоев аз рӯи масъалаи рӯзнома оғоз намуда, чунин гуфтааст: “Сабаби дар мувофиқа бо Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ баргузор намудани Шӯрои илмӣ – техникӣ бинобар пайдо шудани мушкилиҳо дар лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъахумб, қитъаи Шӯрообод- Шоҳон, ки 2 самтро дар бар мегирад, мебошад. Дар оғози корҳои сохтмонӣ ин камбудиҳо ба миён наомада буданд ва дар рафти корҳои сохтмонӣ чунин мушкилиҳо ошкор карда шуданд”.

Арзиши умумии лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод – Шоҳон 92,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин лоиҳа аз ҷумла бо  қарзҳои Бонки исломии рушд (20 млн. $), Фонди Саудии рушд (20 млн. $), Фонди Кувайтии рушди иқтисодии арабӣ (17 млн. $), Фонди Абу-Дабӣ (15 млн. $), Фонди ОПЕК (13 млн. $) маблағгузорӣ мешавад. Ҳисссаи ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети лоиҳа ба 7,9 млн. $ баробар аст.

Ширкати «Комбайнд Групп»-и Кувайт ва ширкати «Текар»-и Туркия паймонкорони лоиҳа мебошанд. Масофаи қитъаи роҳи Шӯрообод – Шоҳон 40 километр аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.