Оташгирии автомашина ва ҳалокати 3 нафар дар роҳи Душанбе – Норак

ASIA-Plus



Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Норак, дар қаламрави деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат рух дод, автомашина оташ гирифта се нафар ба ҳалокат расиданд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра, марди 26-солаи сокини шаҳри Норак ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи марди 30-солаи сокини н.Ёвон, ки аз самти ноҳияи Ёвон ба ш.Душанбе ҳаракат мекард, бармехӯрад. 

«Дар натиҷаи ҳодисаи нохуш, автомашинаи “Опел-Астра”-и дуюм оташ гирифта, мусофирони он: зани 20-сола, марди 17-сола ва марди 36-солаи сокинони ш.Норак ба ҳалокат мерасанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Гуфта мешавад, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”-и якум: марди 27-сола, 29-сола ва 60-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат, марди 18-солаи сокини ш.Норак, инчунин мусофири дигари ҳамин автомашина, ки шахсияташ ҳанӯз маълум нашудааст, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.