Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Гуфта мешавад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро  Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 18 декабри соли 1995 барқарор шудаанд. Санадҳои қабулшудаи миёни ду давлат ба самтҳои муҳими ҳамкориҳо дахл дошта, базаи ҳуқуқиро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти муттаҳидаи Араб  таъмин менамоянд.

Аз аввали соли 2011 дар Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Инчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли 2007 Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шуд.

Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб низ аз 20 апрели соли 2010 Сафири ғайримуқими худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар шаҳри Остона таъйин намудааст. Айни замон Сафири ғайримуқими ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ мебошад, ки эътимодномаи худро 6 марти соли 2014 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.