Боздошти мансабдори 6 ҳазор сомонӣ нафақаи пиронсолонро азхудкарда

Кормандони милитсия рӯзи 15 март марди 41-солаи сокини ноҳияи Турсунзода, корманди дастгохи Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нурободро ҳамчун гумонбар дар сохтакорӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда дидаю дониста бо роҳи сохтакории хизматӣ, яъне бо мақсади ғаразнок бо роҳи ворид намудани маълумотҳои бардурӯғ ба […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия рӯзи 15 март марди 41-солаи сокини ноҳияи Турсунзода, корманди дастгохи Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Нурободро ҳамчун гумонбар дар сохтакорӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда дидаю дониста бо роҳи сохтакории хизматӣ, яъне бо мақсади ғаразнок бо роҳи ворид намудани маълумотҳои бардурӯғ ба ҷои 7-нафар нафақахӯрон имзо гузошта, нафақаи онҳоро ба  маблағи умумии ҳудуди 6 ҳазор азони худ намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 323  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.