Кормандони милитсия мошиндуздонро дастгир карданд

Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ якчанд нафарро ба гумони даст доштан дар рабудани автомашинаҳо дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 14 март бо гумони рабудани воситаҳои нақлиётӣ ду бародарони 25-сола ва як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, инчунин ду сокини 25 ва 27-солаи  ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд. Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян намуданд, ки […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ якчанд нафарро ба гумони даст доштан дар рабудани автомашинаҳо дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 14 март бо гумони рабудани воситаҳои нақлиётӣ ду бародарони 25-сола ва як сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, инчунин ду сокини 25 ва 27-солаи  ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд.

Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян намуданд, ки гумонбаршудагон дар рабуда шудани автомашинаи марди 35-солаи сокини ш. Душанбе, тамғаи “ВАЗ-21014”, ки шаби 09 ба 10-уми марти соли ҷорӣ дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, даст доранд.    

Ҳамин тариқ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша рӯзи 01.01.с.2016, автомашинаи шахсии тамғаи “Опел-Астра”-и марди 28-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ш.Душанбе, шаби 22 ба 23.02.с.2015, автомашинаи тамғаи “Чанху”-и марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, шаби 20.02.с.2015, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро рабудаанд. Зарари расонидашуда ба ҷабрдидагон беш аз 70000 сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дошта, даст доштани гурӯҳи мазкур ба дигар ҷиноятҳо ва дигар иштирокчиёни он муайян карда мешавад.

Зимни як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯии дигар кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт ду нафар ҷавони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршудагон автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”-ро, ки ба марди 25-солаи сокини ш.Душанбе тааллуқ дорад, рӯзи 15.03.с.2016, соати 24:00, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.