Иҷрои корҳо дар роҳи Балҷувон – Сари Хосор ғайриқаноатбахш арзёбӣ шуд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор, ки ҳанӯз соли 1990 шурӯъ гардида буд, аз наздик шинос шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, масофаи ин роҳ беш аз 34 километрро ташкил дода, давоми солҳои 2012-2015 […]

Аваз Юлдошев



Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмону таъмир ва азнавсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор, ки ҳанӯз соли 1990 шурӯъ гардида буд, аз наздик шинос шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, масофаи ин роҳ беш аз 34 километрро ташкил дода, давоми солҳои 2012-2015 барои иҷрои корҳо дар он 4,3 млн. сомонӣ маблағҳои буҷет масраф шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо сифати иҷрои корҳо дар роҳ, муовини нахуствазир онҳоро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар истифодаи сарфакоронаву прусамари маблағҳои буҷет зимни амалисозии ин лоиҳа ба саҳланкорӣ роҳ дода шудааст.

Азим Иброҳим ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастур дод, ки ин лоиҳаро бозбинӣ карда, барои амалисозии минбаъдаи он байни ширкатҳои дорои таҷрибаи ғанӣ дар ин соҳа тендери нав эълон намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.