Ҳукумати ИМА ВАО-ро ба беҳбуди сатҳи огаҳӣ аз бемории сил даъват мекунад

Иттилоияи расмӣ



Аз 15-ум то 17-ми марти соли ҷорӣ Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) курси омӯзишии сатҳи ҷумҳуриявиро оид ба бемории сил барои хабарнигорони маҳаллии телевизион, радио ва матбуоти чопӣ дар Тоҷикистон доир намуд.

 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, курси мазкур аз ҷониби Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар ҳамкории зич бо Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ташкил гардида, ба мӯҳлати се рӯз баргузор гардид. 

Барнома ба понздаҳ нафар хабарнигорон ҷиҳати сайқал додани дониши худ марбут ба бемории сил имконият фароҳам оварда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба таҳия намудани гузоришҳои дақиқ дар бораи эпидемиология, ташхис, муолиҷаи бемории сил ва коҳиш додани доғдоркунӣ, ки одатан дар робита бо бемории сил сурат мегирад, ҷалб намуд.  Иштирокчиён нақши васоити оммаи ахборро дар пешгирӣ намудани бемории сил, аз ҷумла зоҳир намудани таҳаммул нисбат ба шахсони ба бемории сил осебпазир ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳли ҷомеа дар бораи бемории мазкур мавриди таҳқиқ қарор доданд. 

 Бо мақсади васеъ намудани доираи фарогирӣ, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил барои кормандони расонаҳои хабарӣ ва хабарнигорони вилояти Суғд курси минтақавии омӯзиширо доир менамояд. Пас аз анҷоми омӯзиши мазкур, барнома озмуни гузориши беҳтарини васоити ахбори оммаро дар бораи бемории сил дар Тоҷикистон эълон менамояд. 

 Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил – барномаи панҷсола бо маблағи 13,2 миллион доллари ИМА буда, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт бо мақсади коҳиш додани талафоти бемории сил ва паҳн намудани шакли ба доруворӣ мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. 

USAID созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.  Аз соли 1992 инҷониб, USAID беш аз 360 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои кӯмакрасон ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон ҷудо намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.