Семинари иттилоотии GGP-и сафорати Ҷопон

Рӯзи 17 марти соли 2016 Сафорати Ҷопон семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) дар Тоҷикистон» дар Маркази Исмоилия баргузор намуд, ки дар он нишондиҳӣ аз тартибу низом ва талаботи амалӣ гаштани лоиҳаҳои GGP, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор оид ба босамар анҷом ёфтани лоиҳаҳо […]

Иттилоияи расмӣ



Рӯзи 17 марти соли 2016 Сафорати Ҷопон семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) дар Тоҷикистон» дар Маркази Исмоилия баргузор намуд, ки дар он нишондиҳӣ аз тартибу низом ва талаботи амалӣ гаштани лоиҳаҳои GGP, саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор оид ба босамар анҷом ёфтани лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Беш аз 70 намояндагони созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) маҳаллӣ ва байналмилалӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлати аз манотиқи гуногун ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар семинар ширкат варзиданд.

Семинари GGP, ки нахустин бор маҳз дар Тоҷикистон амалӣ гашт, барномаи таълимии техникӣ буда дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии дӯстии Тоҷикистону Ҷопон “Ниҳон-Тоҷ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур ҷихати таъмини иттилоотӣ дар ҳар як марҳилаи тартиби кории GGP ва санадҳои зарурӣ мусоидат менамояд, ки онҳо баҳри пурсамар ва босифат иҷро намудани лоиҳаҳо имкон медиҳанд.

Дар семинар кормандони ботаҷрибаи Сафорат оид ба бахшҳои мухталифи татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла “Пешниҳоди Дархостнома”, “Назорати пешакии лоиҳа”, “Шаклсозии лоиҳа”, “Имзои шартномаи грантӣ”, “Татбиқи лоиҳа”, “Анҷоми лоиҳа» ва «Назорат баъди анҷоми лоиҳа” баромад карданд. Ҳамвора таҷрибаи босамар анҷом ёфтани ду лоиҳаи пешин, ки дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ҳамадонӣ амали шуданд, пешниход гаштанд. Баъди анҷоми намоишҳо, саволу ҷавоб баргузор шуд, ки дар он иштирокчиён мавриди қоида ва талабу дархостҳои лоиҳаҳои бебозгашт пурсон шуданд ва табодули афкор карданд.

Семинар бобарор баргузор шуда, барои ҳамаи ҳозирин имкони босамар буд, то маълумоти мукаммал дар бораи “Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” дар доираи барномаи расмии Ҷопон оид ба рушдро ба даст оранд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.