Аз 19 то 22 марти соли 2016 дар шаҳри Маскави Русия намоишгоҳи байналмилалии туристии Интурмаркет – 2016 баргузор мегардад. Намоишгоҳ дар майдони 28000 метри муррабаъ, 1430 адад иштироки ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 иштирокчӣ ва аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар ин ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ ташкили гӯшаи туристии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон – кишвари туризм» бо масоҳати 10 метри мураббаъ ба маърази тамошои дӯстдорони сайру сайёҳат ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар доираи ин намоишгоҳ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия Россия, 6 ширкатҳои туристии ватанӣ, ҶДММ ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» ва ҶДММ маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» ва васоити ахбори оммаи ватанӣ маводҳои таблиғотии худ ва захираҳои бойи туристии кишварро муаррифӣ менамоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки намоишгоҳи мазкур аз соли 2006 инҷониб дарҳои худро барои дӯстдорони сайру сайёҳат боз намудааст. Тибқи маълумотҳо теъдоди зиёди иштироки ширкатҳои туристии Русия ва хориҷи кишвар нисбат ба солҳои гузашта бинобар сабаби вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур ташкили хатсайрҳои нави туристӣ барои ҷалби сайёҳон аз Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.





