Мулоқоти Э.Раҳмон бо мудири кулли Фонди рушди Абу Забӣ

Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф ал Сувейдиро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморот дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид. «Мо аз оғози истиқлол ба эҳё ва густариши равобиту ҳамкории васеъ бо кишварҳои араб, ки […]

ASIA-Plus



Дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф ал Сувейдиро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморот дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.

«Мо аз оғози истиқлол ба эҳё ва густариши равобиту ҳамкории васеъ бо кишварҳои араб, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷумлаи пешсафони онҳост, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем», –  таъкид дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот пеш аз ҳама оид ба дарёфти роҳҳои наву афзалиятноки таҳкиму тавсеи муносибатҳо, имконоти рушду густариши ҳамкорӣ, истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, иштироки Фонди Абу Забӣ оид ба рушд дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дорои дурнамои судовар табодули андеша карданд.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар доираи сиёсати дарҳои боз тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқиро бо афзалиятҳо фароҳам овардааст ва ин имкон медиҳад, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои молиявию кумакрасони Аморот ҳарчи бештар бо сармояи хеш дар амалӣ кардани барномаҳо ва баҳрабардорӣ аз татбиқи онҳо иштироки фаъол дошта бошанд.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 14  корхонаи муштарак бо Аморот ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми гардиши мол бо дарназардошти тамоми имкону захираҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки ба хотири густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ як силсила иқдомҳои ҳадафманд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ анҷом дода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин оид ба як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот, ки барои кишварҳо манфиатбахш аст гуфтугӯ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.